Имрӯз дар 43 маркази имтиҳонӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон иштироки зиёда аз 12 ҳазор довталаби азқайдгузашта дар назар аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Маркази милии тестии назди президенти ҶТ, дар соли 2016 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 83 500 довталабро ташкил мекунад.
Қайд мешавад, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 15 шаҳру ноҳияи инихобии ҷумҳурӣ дар 43 маркази имтиҳоние, ки аз ҷониби вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор мегарданд. Рӯйхати марказҳои имтиҳонӣ дар сомонаи расмии Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Ёдрас мешавад, ки имтиҳонҳои қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо аз 1-ум то 13-уми июл дар марказҳои имтиҳонӣ ва аз рӯйи қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) аз 25-уми июн то 5-уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мегарданд.
Нишонии маркази имтиҳон дар даъватнома нишон дода мешавад.
Дар маҷмӯъ довталабон имтиҳонҳои зеринро месупоранд:
Қисми А (имтиҳони умумӣ) аз 3 субтести иборат аз 4 фанни таълимӣ (забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ);
Қисми Б (имтиҳони ихтисос) аз 3 субтести иборат аз 3 фанни таълимӣ (вобаста аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо);
Қисми В (имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсус) – дар сурати интихоб кардани ихтисосҳое, ки супоридани чунин имтиҳонро талаб мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо тибқи нақша 25 июл ва пешбинӣ гардидааст. Инчунин натиҷаҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро муассисаҳои таълимии дахлдор дар давоми 1-2 рӯз пас аз имтиҳонҳои мазкур ва Марказ 25 уми июл эълон менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста