Субҳони Саид (Субҳон Саидов), овозхони маъруфи тоҷик ва раҳбари пешини дастаи "Гулшан", шаби 4 ба 5 июл дар 56-солагӣ даргузашт.
Абдуалии Маликзод – яке аз шогирдони Субҳони Саид дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки маросими видоъ бо ин овозхон соати ёздаҳи 5 июл дар ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор баргузор хоҳад шуд.
Субҳони Саид моҳи сентябри соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, таълими 8-соларо дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъдан, се соли боқимондаи таҳсилро дар Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ идома додааст. Солҳои 1979 то 1981 дар шаҳри Маскав хидмати сарбозӣ карда, баъд аз он фаъолиятро ба ҳайси киномеханик дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор шуруъ намудааст.
Солҳои 1983-85 дар ҳайати ансамбли эстрадии “Суғдиён” кор карда, соли 1986 барои кор ба дастаи ҳунарии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатӣ даъват шудааст. Аз соли 1993 то соли 2008 раёсати дастаи ҳунарии “Гулшан”-ро бар ӯҳда дошт.
Муаллифи даҳҳо оҳангу сурудҳои эстрадӣ ва мардумист. Соли 2003 дар озмуни сартосарӣ миёни овозхонҳои эстрадаи тоҷик бо касби мақоми аввал “Ситораи сол” эълон шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста