Дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини марвазири ҷумҳурӣ, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хурокворӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , муовини сарвазир аз роҳбарони сохторҳои масъул – таъминкунандагони бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, вобаста ба рафти иҷрои Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 пурсиш ба амал овард.
Таъкид гардидаст, ки вақтҳои охир ҳодисаҳои ботулизм (заҳролудшавӣ аз токсинҳо) ба қайд гирифта шуда, мутаассифона дар баъзе ҳолатҳо сабабгори фавти мардум гаштааст. Ин ҳодисаҳо бо сабаби истеъмоли консерваҳои дар шароити хона тайёркардашуда ба вуқуъ пайвастаанд.
Аз ин лиҳоз, муовини сарвазир супориш дод, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор Дастурамал доир ба бехатар тайёр намудани консерваҳои дар шароити хона тайёршаванда омода намуда, ба аҳолӣ пешкаш карда шавад.
Дар ҷаласаи Шӯро оид ба суст ҷорӣ кардани низоми НАССР ва стандарти ИСО 22000 раиси Шӯро, муовини сарвазир изҳори нигаронӣ кард. Зеро то имрӯз аз 457 корхонаи саноати хӯрокворӣ ҳамагӣ 13 корхона низоми мазкурро ҷорӣ карда, 3 корхона соҳиби сертификат шудаанд.
Лоиҳаи қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи Низомномаи мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрока ва сиҳатии аҳолӣ» бояд аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омода ва ба ҳукумати мамлакат пешниҳод мегардид, аммо Вазорат ба кашолкорӣ роҳ дода, то ҳол Низомномаро манзур накардааст. Аз ин лиҳоз, дар Шӯро диққати роҳбарияти Вазорат доир ба ин масъала ҷалб карда шуд.
Ҷиҳати омода намудани мутахассисони касбӣ ва баланд бардоштани савияи тахассусии кормандон тавассути иштирок дар курсҳои бозомӯзии дохилию байналмилалӣ муовини сарвазир ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, вобаста ба тақвият бахшидани корҳо, пурзур намудани назорат дар самти таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои нимсолаи дуюми соли 2016 Нақшаи кории Шӯро оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ қабул карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста