Дар зарфи 6 моҳи соли равон беш аз 308,6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 8% камтар аст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 40,6 ҳазор нафар занони тоҷикистонӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.
Аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон - зиёда аз 305,6 ҳазор нафар мисли пешин Русияро макони муҳоҷирати корӣ интихоб намуда, аз шумории умумии тоҷикистониён, ки имсол барои кор ба хориҷи кишвар рафтаанд, ҳудуди 6 ҳазор нафарашон ба Қазоқистон раҳсипор шудаанд.
Гуфта мешавад, ҳудуди 160,4 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давра ба ватан баргаштаанд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 14% камтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста