Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар бораи ивази кортҳои бонкии нафақахӯрон дар шаҳри Душанбе эълон интишор намуд.
Бино ба иттилои БДА «Амонатбонк», кортҳои бонкии нафақагирон бо сабаби ба итмом расидани муҳлати истифодабариашон то санаи 15 июли соли ҷорӣ иваз карда мешаванд.
Гуфта мешавад, барои иваз кардани кортҳои бонкӣ ба марказҳои хизматрасонии бонкии Амонатбонк, ки дар макони зист амал мекунанд, муроҷиат кардан зарур аст.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки дастрас кардани корти нав бо пешниҳоди хуҷҷати тасдиккунандаи шахс супорида мешавад.
Тибқи маълумоти БДА «Амонатбонк», айни замон шумори нафақахӯрон дар шаҳри Душанбе беш аз 51,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ тибқи маълумоти Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ, шумори нафақахӯрон дар кишвар дар семоҳаи аввали соли равон зиёда аз 626 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 13 ҳазор нафар ё худ 2,6% зиёдтар аст. Афзоиши бештар шумори нафақахӯрон дар ВМКБ - 3,6%, шаҳри Душанбе - 2,6% ва ноҳияҳои тобеи марказ - 3,1% ба қайд гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста