Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода изҳор намуд, ки табибони пайвандсози узвҳои инсон (трансплантологҳо)-и Тоҷикистон ният доранд, ки моҳи август ҷарроҳии нахусти пайванди мағзи устухонро анҷом диҳанд.
Ба қавли ӯ, арзиши чунин ҷарроҳӣ дар ҷаҳон беш аз 100 ҳазор долларро ташкил дода, нархи он дар Тоҷикистон бамаротиб поинтар хоҳад буд.
Ба гуфтаи директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмуҳаммад Исмоилзода, ба ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ барои ивази гурдаҳо муроҷиат мекунанд.
«Аз оғози сол табибони мо 45 ҷарроҳии ивази гурда ва 2 ҷарроҳии ивази ҷигарро гузарониданд, ки миёни беморон 16 шаҳрванди Қирғизистон, 4 шаҳрванди Туркманистон, 3 шаҳрванди Озарбойҷон ва аз Русияву Литва 1 шаҳрвандӣ ҳузур доштанд. Чунин ҷарроҳӣ 45 ҳазор сомонӣ нарх дорад», - иттилоъ дод Исмоилзода.
Дар ҳамин ҳол, директори марказ доир ба боз ҳамин қадар маблағ сарф шудан ба муолиҷаи барқароршавии баъди ҷарроҳӣ саҳеҳан маълумот надод.
Аз ҷумла, барои чунин муолиҷа баъди ҷарроҳӣ ба Эмомиддин Холов, ҷавоне аз Рашт, ки дар хизмати артиш гурдаҳояш аз коркунӣ бозмонданд, боз ҳудуди 55 ҳазор сомонии дигар лозим аст. Дар ин бора ба наздикони ҷавон табибони маркази мазкур иттилоъ додаанд, зеро тамоми дорувории ин даври муолиҷаро худи бемор мехарад.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои ҷарроҳии ивази гурдаи Эмомиддин Холови 22-сола 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.
Насриддин Холов, бародари Эмомиддин ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала хабар дод, ки имрӯз санаи дақиқи баргузории ҷарроҳии бародараш муайян карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста