То 18 август ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони воқеъ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе аз соати 15:00 то 18:00 манъ карда мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, дар ин вақт дар хиёбон тамринҳои афсарону сарбозону гарнизони Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба сафороии низомӣ бахшида ба 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии санаи 9 сентябр баргузор мешавад.
Аз 19 август то 7 сентябр тамринҳои омодагӣ ба гузашти низомии ҷашн дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт доир гардида, дар ин робита ҳаракати нақлиёт тариқи ин майдони марказӣ аз соати 19:00 то 22:00 манъ карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт, гарнизонҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рашт санаи 9 сентябр гузаштҳои низомӣ барпо мешаванд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар гузашти низомии пойтахт аз иштироки 16 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва дар гарнизонҳои Суғду Хатлон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рашт дар маҷмӯъ аз сафороиву гузашти 9 ҳазор нафар афсарону сарбозон интизорӣ меравад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста