Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон масъалаи тавсеъаи сохтмони хонаҳои баландошёнаро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба баррасии ҳукумат пешниҳод кардааст.
«Бо мақсади истифодаи самараноки замин ва нигаҳдории заминҳои обёрӣ, пешниҳод шуд, ки бунёди манзилҳои баландошёна дар шаҳру ноҳияҳо зиёд карда шавад, - иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи мазкур Раҷаббой Аҳмадзода.
Ӯ қайд кард, ки шумори аҳолии кишвар сол то сол босуръат меафзояд. «Замин моро мехӯронаду мепӯшонад ва аз ин рӯ, мо бояд ба ҳар як порчаи он эҳтиёткорона муносибат кунем, - гуфт Аҳмадзода. - Дар ин робита минбаъд роҳандозии сохтмони хонаҳои баландошёнаи каммасраф барои оилаҳои эҳтиёҷаманд дар ноҳияҳо ба нақша гирифта шуда, таҳияи тарҳи мукаммали маҳалҳо дар шаҳру навоҳӣ зарур аст».
Номбурда таъкид дошт, ки дар ин сурат дар 12 сотих замин ба ҷойи 2 оила 40 ва зиёда оилаҳоро ҷой додан имкон дорад. «Агар пешниҳоди мо дастгирӣ ёбад, мушкилоти зиёди марбут ба дастрасӣ ба замин ҳал мешавад», - афзуд Р.Аҳмадзода.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста