Дар шаҳри Минск вохӯрии консули сафорати Тоҷикистон дар Беларус Хуршед Алимуродзода бо роҳбарони шуъбаҳои консулгарии сафоратхонаҳои Латвия, Литва ва Эстония дар Беларус доир гардид.
Тавре намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск иттилоъ медиҳад, дар ин вохӯрӣ масоли марбут ба фаъолияти консулгариҳо ва иқомату кори шаҳрвандони кишварҳо дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин низоми дастрасии апостил дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Гуфта мешавад, консули тоҷик ба ҳамсуҳбатони худ шарҳ додааст, ки апостил дар Тоҷикистон ба санад замима нашуда, дар шакли сертификат тибқи меъёр дода мешавад ва намуди электронӣ дорад. Барои муайян кардани аслӣ будани апостил феҳристи ягонаи электронӣ - www.apostille.tj таҳия шудааст, ки тариқи он маълумотҳоро санҷидан имконпазир аст.
Дипломати тоҷик аз ҳамтоҳои худ дархост намудааст, ки мақомоти салоҳиятдори кишварҳои худро аз ин маълумот огоҳ намуда, ҳамчунин ба онҳо намунаи апостили Тоҷикистонро пешниҳод кардааст.
Зикр мегардад, ки зимни суҳбат консул дар бораи низоми додани раводиди электронӣ низ маълумот дода, қайд кардааст, ки низоми нав ба сабуку соддатар кардани расмиёти дастрасии раводид ба Тоҷикистон, афзоиши шумори сайёҳону тоҷирон ба ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.
Қобили зикр аст, ки айни замон шаҳрвандони хориҷие, ки ба сифати сайёҳ ё ҷиҳати иҷрои кору ҳалли масъалае ба Тоҷикистон омаданианд, метавонанд дархости электрониро дар сомонаи www.evisa.tj пур карда, бидуни ҳозир шудан ба муассисаи консулгарии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди электрониро дастрас намоянд.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро якдилона тасдиқ намуд, ки мутобиқи он Вазорати адлия ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба гузоштани апостил барои қонунигардонии ҳуҷҷатҳои расмии дар Тоҷикистон додашуда дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқ пайдо карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста