- Лоиҳаи сохтмони бинои Донишгоҳи исломӣ дар Душанбе то охири ҳамин сол таҳия мешавад, - изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода.
Ӯ қайд кард, ки ду сол пеш ҳукумат ба Кумита супориш додааст, ки лоиҳаи сохтмони бинои муосири Донишгоҳи исломӣ дар Душанберо барои таҳсили 1,5 ҳазор нафар донишҷӯён таҳия созад. «Бо итминон гуфта метавонам, ки ин лоиҳа то охири сол омода ва ба ҳукумат пешниҳод мешавад ва баъди қабули он, ба ҷустуҷӯи сармоягузор оғоз мекунем», - иброз дошт Аҳмадзода.
Номбурда таъкид дошт, ки сохтмони бинои Донишгоҳи исломӣ дар тарафи чапи бинои масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли Ҷамшед Аҳмадзода, то охири ҳамин моҳ корҳои сохтмони масҷиди бузургтарин дар қаламрави Осиёи Марказӣ (ОМ) дар Душанбе ба итмом мерасанд, ки дар як вақт 115 ҳазор нафар ибодаткунандагонро қабул карда метавонад.
Аҳмадзода зикр кард, ки аз ҷониби паймонкори лоиҳа - ширкати «СТС иншоот» ба маблағи беш аз 39,2 млн. доллари ИМА корҳои сохтмон ба иҷро расида, то охири сол корҳои сохтмонӣ ба охир мерасанд ва сипас корҳои насбу ороиши дохилӣ ва ободонии қаламрави масҷид шурӯъ мешавад.
Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмони масҷиди мазкур дар Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста