Дар Душанбе танӯрҳои наву замонавӣ пайдо мешаванд. Бо ин мақсад шаҳрдорӣ лоиҳаҳои ангории якчанд намуди танӯрҳои замонавиро таҳия дорад, ки баъдан тибқи озмун интихоб ва дар назди биноҳои истиқоматӣ насб карда хоҳанд шуд.
Дар ин бора рӯзи чоршанбеи 27 июл зимни суханронӣ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе, Расулов Ашурбег, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе хабар дод.
Номбурда зикр кард, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ва сармеъмори шаҳри Душанбе низ бо назардошти ниёзи мардум ба ин гуна танӯрҳо, аз ин тасмим ҷонибдорӣ кардаанд. Акнун ба мавҷуд будани се-чор танӯр барои як бинои истиқоматӣ хотима гузошта шуда, минбаъд барои чандин бинои истиқоматӣ як танӯр гузошта хоҳад шуд.
Зимнан зикр гардид, ки ин нақша баъд аз тахриби иншоотҳои ғайриқонунӣ дар доираи ободонии шаҳраку маҳаллаҳо сурат хоҳад гирифт. Инчунин масъалаи манбаъи сӯзишворӣ барои танӯрҳо низ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ёдрас мекунем, тахриби танӯрҳои ғайриқонунӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ, ки ба талаботу меъёрҳои шаҳрнишинӣ ҷавобгў намебошанд, бо тасмими шаҳрдории Душанбе чанд соли пеш гирифта шуда, барои анҷом додани ин амалиёт як комиссияи ҳукуматӣ ташкил карда шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста