Анонс

- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  ҶТ ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли равон маълумот медиҳад;

- Вазорати молияи ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 нишасти хабарӣ барпо мекунад;

- Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад;

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8685 сомонӣ;

1 евро – 8.7285 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1155 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1961 — Анҷумани I-уми зиёиёни Тоҷикистон доир гардид.

2002 — Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонов директори генералии Агентии иттилоотии «Азия-Плюс» Умед Бобохоновро ба ҳузур пазируфта, зимни таҳлили вазъи рушди васоити ахбори умуми мустақил ва озодии баён, ба Кумитаи радио ва телевизион ҷиҳати тезонидани ҷараёни додани иҷозатнома ба фаъолияти радиои «Азия-Плюс» дастур дод.

2003 — Суди олии ҶТ ду нафар аз иштирокчиёни қатли журналистон В.Никулин ва М.Олимпурро мутаносибан ба 22 ва 15 соли зиндон маҳкум кард.

2004 – Шомгоҳон дар назди манзили зисташ сардабири ҳафтавори «Рӯзи нав» Раҷаби Мирзо мавриди лату кӯб қарор гирифт.

2012 — Сокинони Хоруғ ба супурдани аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ шурӯъ карданд.

1939 – Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Раҳим Ҳошимов. 

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +32+37; дар шарқ шабона +4+9, рӯзона +16+21.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +28+30.