Дар ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон машғулиятҳои омодагӣ барои талабагони синфи якум оғоз гардиданд.
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки хонандагони синфи якум имсол аллакай аз 1 август паси мизи дарсҳо нишастанд, то ки ба соли аввали хониш омода шаванд.
«Машғулиятҳои омодагӣ пеш аз ҳама барои ба ҳамдигар одат кардани кӯдакон ва омӯзиши тарзи гуфтору рафтор дар мактаб роҳандозӣ мешаванд. Дар бисёре аз муассисаҳои томактабӣ ҷараёни таълим ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст ва бо ин сабаб тасмим гирифта шуд, ки машғулиятҳои омодагӣ гузаронида шаванд, то ки кӯдакон бо омодагии зарурӣ ба мактаб раванд», - гуфтанд дар вазорат.
Мутобиқи барномаи омодагии талабагони сифи якум ба таҳсил, ба кӯдакон қоидаҳои оддии рафтор дар мактабҳо, дуруст нишастан дар мизи дарсӣ, истифода аз ручка ва ғайра омӯзонида шуда, муаллифони барнома бовар доранд, ки ба ин васила вақти ҳам омӯзгорону ҳам толибилмон дар оғози таҳсил сарфа мешавад ва аз синфи якум онҳо бевосита ба таҳсил шурӯъ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, зикр гардид, ки шумори саҳеҳи талабагони синфи якум дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии кишвар аввали моҳи сентябр маълум мешавад, вале мактабҳо аллакай ба қабули ҳадди ақал 200 ҳазор нафар талабагони синфи якум дар соли равон омодагӣ мегиранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста