Ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистонро барои пешгирии хавфу хатарҳои терроризм ба сабти дубораи ҳамаи симкортҳои қаблан фурӯхташуда уҳдадор мекунанд.
Сардори Раёсати танзими алоқаи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Ҷонибек Дадоматов дар ин робита зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки дар ин бора қарори дахлдори ҳукумат қабул шуда, ахири моҳи гузашта он дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расид.
Ба гуфтаи ӯ дар ин қарор сари тартибу танзими фурӯши симкортҳо, танҳо бо пешниҳоди шиноснома фурӯхтани онҳо ва ҳамчунин дубора бақайдгирии симкортҳои қаблан фурӯхташуда сухан меравад.
«Дар ин самт мо корҳоро аллакай оғоз кардем. Муддати як сол ҳама симкортҳо бояд дубора ба қайд гирифта шаванд», - иброз дошт ӯ.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, айни замон шумори муштариёни сабтшудаи алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон 10 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки 4,9 млн. нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки тӯли 6 моҳи соли равон дар қаламрави кишвар ҳудуди 570 адад симкортҳои ғайриқонунӣ фурӯхташуда дарёфт ва мусодира карда шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста