Мақомоти шаҳрдории Душанбе сокинони пойтахтро аз қатъи шабонарӯзии интиқоли оби нӯшокӣ ба чанде аз маҳаллаҳои шаҳр рӯзҳои 10 ва 17 август огоҳ мекунад.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминукунӣ дар кӯчаи Гагарини ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз соати 08:00-и рӯзи 10 август то соати 08:00-и рӯзи 11 август интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва Навободи поён, Буни Ҳисорак, Лучоби боло ва Лучоби поён, Қазоқон, Испечак 1, 2, 3, Ҳаёти нав, шаҳракҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон-1, Зарафшон-2 ва гузари Муҳандис муддати 1 шабонарӯз муваққатан қатъ мегардад.
Гуфта мешавад, рӯзҳои 17 ва 18 август қатъи шабонарӯзии интиқоли оби нӯшокӣ ба кӯчаҳои Фирӯз, С.Ғанӣ, Варзоб-ГЭС-и поён, Ҳ.Ҳакимзода (аз кӯчаи Гагарин то кӯчаи Ғ.Абдулло), биноҳои беморхонаи ҳукуматӣ, беморхонаи №5, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, Сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии илмии боғи марказии ботаникии «Ирам» дар назар дошта шудааст.
Аз сокинони кӯчаҳою маҳаллаҳои зикргардида хоҳиш карда шудааст, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд. Ҳамчунин раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва директори КВД «Обу корези Душанбе» муваззаф шудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста