Дар зарфи 7 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 26,2 млн. доллари ИМА (моҳи гузашта - наздики 2,7 млн. $) кумаки башардӯстона ворид гардид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии зиёда аз 12,7 ҳазор тонна аз 48 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (26,4%), Русия (19,8%), Ҳиндустон (9,5%), Покистон (5,2%), Сербия (5,1%), Беларус (4%), Қазоқистон (3,6%), Дания (3,4%), Туркия (3,2%), Олмон (3%), Ҷумҳурии Корея (2,6%), Швейтсария (2,3%), Озарбойҷон, Нидерланд ва ИМА (1,5%-ӣ), Франсия ва Таиланд (1,3%-ӣ), Эрон (1,1%) рост меояд.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми кумаки башардӯстонаи тӯли 7 моҳи соли равон ба Тоҷикистон воридшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 3,5 млн. доллари ИМА зиёд шуда, шумори кишварҳои мададрасон 14 адад афзуд.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба Тоҷикистон аз ҷониби 42 кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста