Дар ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории Душанбе, ки рӯзи 15 август доир гардид, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур додааст, ки тариқи мақомоти судӣ аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ маблағи хароҷотеро, ки аз буҷети шаҳр барои кӯчонидани иншоот ва биноҳои ғайриқонунӣ сохташуда ҷудо шуда буд, ҷуброн намоянд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, М.Убайдуллоев ҳамчунин ба мақомоти дахлдори шаҳр супориш додааст, ки масъалаи ҷорӣ кардани пардохти муайян барои истифодаи иншооти варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳрро, ки аз ҳисоби буҷети пойтахт сохта шудаанд, низ баррасӣ ва ҳаллу фасл созанд.
Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт ҳамчунин таваҷҷуҳи раисони ноҳияҳои шаҳрро ба масъалаҳои сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи истиқлолияти давлатии кишвар, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳр, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва роҳ надодан ба изофанависӣ зимни таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ҷалб намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста