Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории силро, баргузор менамоянд.
Шӯрои мазкур натиҷаи ташрифи мониторинг ва баҳодиҳӣ оид ба бемории сил дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи амалинамоии нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, давоми соли 2016 - ро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мутахассисони силшинос аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин ҷаласа ширкат меварзанд.
Бояд қайд намуд, ки ин ҷаласа бо дастгирии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил баргузор мегардад. Мақсади Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил бо буҷаи 13,2 миллион доллари амрикоӣ, ки барои панҷ сол ба нақша гирифта шудааст, ин коҳиши сатҳи паҳншавии бемории сил дар Тоҷикистон мебошад.
Барнома ба тақвияти коркарди сиёсати миллӣ, беҳтар кардани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобат, дастгирии низоми кӯмаки тиббии ба бемор равонашуда, ҳамчунин тақвияти таҳлилгоҳу дигар бахшҳои соҳаи тандурустӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста