Зодаи Тоҷикистон Карина Комил (Шарипова)-и 25-сола дар озмуни зебоии Miss Union 2016 иштирок мекунад, ки даври хотимавии он 20 август дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку доир мегардад.
Карина Комил дар Душанбе ба дунё омада, вақти хатми мактаби миёна оилаашон ба Русия мекӯчад. Айни замон ӯ дар шаҳри Маскав иқомат дошта, дар факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекунад.

Дар барномаи озмун Карина бо сарулибоси миллӣ бо забони тоҷикӣ суруд хонда, кӯшиш хоҳад кард, ки тамоми зебогии фарҳанги тоҷиконро ба маърази тамошо гузорад.
Дар сомонаи озмун зикр мегардад, ки Карина ҳаёти худро бидуни саҳна тасаввур карда наметавонад. Ӯ ба таври касбӣ аллакай мустақилона ба сурудхонӣ машғул аст.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории озмуни Miss Union дар Боку кумак ба гирифторон бемории саратон буда, 30%-и воситаҳои ҷамъоваришуда аз ин чорабинӣ барои муолиҷаи эҳтиёҷмандон равона мегардад.

Қобили зикр аст, ки Карина Комил ҳамчунин иштирокчии шоу-барномаи маъруфи русиягии «Дом-2» низ мебошад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста