Гурӯҳи корӣ таҳти раҳбарии сардори шуъбаи муносибатҳои байнулмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуғаффор Юсуфов ба шаҳрҳои Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ раҳсипор шуд.
Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар» , ҳадафи сафари гурӯҳи мазкур, ки кормандони масъули Кумита, табибон, ошпазон ва чанде роҳбаладон ба он шомиланд, иҷрои корҳои омодагӣ вобаста ба истиқбол ва ҷобаҷогузории ҳоҷиёни Тоҷикистон мебошад.
Гуфта мешавад, айни замон меҳмонхонаҳои шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара барои қабули ҳоҷиён омода гардидаанд ва дар назар аст, ки шуруъ аз 21-уми август гурӯҳҳои нахустини ҳоҷиёни Тоҷикистон аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара сафарбар гарданд.
Зимнан зикр мегардад, ки 24-уми август сафарбарнамоии ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Маккаи мукаррама оғоз меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста