Анонс

- Дар қаҳвахонаи варзишии «Истиқлол» аз соати 09:30 то 12:30 видео-конфронс (Direct Call)-и созмондеҳи бузургтарин намоишгоҳи савдо дар Чин «Canton fair» доир мегардад. Конфронсро Клуби соҳибкорони ҷавони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон барпо мекунад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8687 сомонӣ;

1 евро – 8.8979 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1 196 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1939 – ИҶШС ва Олмон Муоҳада дар бораи ҳуҷум накардан ба якдигарро ба имзо расониданд.

1963 – Ифтитоҳи Анҷумани VIII-уми занони Тоҷикистон.

2001 – Парлумони кишвар лоиҳаи қонун «Дар бораи афви умумӣ»-ро маъқул шуморид. Амали ин қонун, ки бо ташаббуси президент дар остонаи Рӯзи истиқлоли ҷумҳурӣ қабул гардид, ба 19 ҳазор нафар шаҳрвандон дахл кард.

2010 – Аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ 25 нафар боздоштшудагон 5 посбонро кушта, аз маҳбас фирор карданд. Ҷиҳати боздошт ва безарар гардонидани маҳбусони гурехта ситоди ҷумҳуриявии таъҷилӣ таъсис дода шуд, ки раҳбариашро вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ба зимма гирифт.

2011 — Аз муассисаи ислоҳии занона дар шаҳри Норак овозхон Фарзонаb Хуршед ба озодӣ баромад.

1870-1945 – Зодрӯзи нависанда Бобоюнус Худойдодзода.

1910 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Николай Волчков.

1913-1985 – Зодрӯзи журналист Яков Налский.

1929-2003 – Мавлуди оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Одилҷон Назаров.

1954 – Зодрӯзи футболбоз, устоди варзиши Тоҷикистон Валерий Турсунов.

1962 – Мавлуди нависанда Парда Ҳабиб.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона +4+9, рӯзона +14+19.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.