Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳраки Ёвон ба сохтмони як Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 ҷойи нишаст дар як баст санги асос гузошт. Бо дастур ва ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ин муассисаи таълимӣ соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов, ки саҳмдори Корхонаи истеҳсоли сементи “Чжунгтсай Моҳир Семент” мебошад, иқдом гирифтааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи нақша дар ин маҳалла Баҳриддин Ҷӯрахонов аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорӣ дар давоми 18 моҳ бо харҷи 14 млн сомонӣ мактаби сеошёнаи замонавӣ ва дорои шароити муосири таълиму тарбия бунёд менамояд.
Хотиррасон мешавад, ки дар ноҳияи Ёвон ин дуюмин иқдоми соҳибкор дар бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, моҳи апрели соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Даҳанаи ноҳия як мактаби хуштарҳу замонавии барои 640 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби маблағҳои ин соҳибкор бунёдгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин иқдоми нек бори дигар ба соҳибкор Баҳриддин Ҷурахонов изҳори сипосу минатдорӣ карда, ин амали созандаро барои доираи дигари соҳибкории мамлакат намунаи ибрат арзёбӣ намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста