Барномаи FLEX барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон танҳо баъди хатми синфи 11 дастрас буда метавонад.
Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсон Хушвахтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрии вазири маориф Нуриддин Саид бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард чунин тавофуқ ҳосил шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, зарурати чунин тасмимгирӣ ба он рабт дорад, ки барномаи таҳсили толибилмони ИМА ба барномаи таҳсил дар Тоҷикистон мутобиқ нест.
«Толибилмон баъди бозгашт аз ИМА дар ҳамон синфе, ки аз он тибқи барнома ба ИМА рафта буданд, таҳсил карданианд. Масалан, баъди хатми синфи 8 ба ИМА рафта, баъди он дар Тоҷикистон дар синфи 10 таҳсил кардан мехоҳанд, зеро синфи 9-ро дар он ҷо хондаанд. Аз ин рӯ, мунтазам миёни мактаб ва толибилмон баҳсҳо рӯйи кор меомаданд», - иброз дошт сухангӯи Вазорат ва зикр кард, ки акнун қабули қарор ба баҳсҳо дар ин масъала хотима мебахшад.
Барномаи FLEX (Future Leaders Exchange) барномаи ғайритиҷоратии амрикоӣ барои табодули толибилмони синфҳои болоӣ мебошад, ки ба мактабиёни болаёқати тоҷик тариқи ройгон имкони зиндагиву таҳсил барои як сол дар Иёлоти Муттаҳидаро фароҳам мекард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста