Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак Донишгоҳи давлатии Данғараро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сохтмони бинои муҳташами донишгоҳи аз моҳи марти соли 2008 оғоз шуда буд ва бо харҷи 177,5 млн. сомонӣ қомат афрохт. Донишгоҳ барои таҳсили 4 ҳазор нафар донишҷӯ дар як баст бунёд шудааст. Айни ҳол дар ин ҷо 2615 донишҷӯ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Донишгоҳ аз 17 бино, аз ҷумла 2 хобгоҳи 9 - ошёна бо 1300 ҷойи хоб барои донишҷуён, 3 бинои истиқоматии 5 ошёна бо 60 ҳуҷра барои омӯзгорон, толори варзишгоҳ бо 450 ҷойи нишаст, толори зебову мунаққаши фарҳангӣ бо 530 ҷойи нишаст, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, китобхона барои нигаҳдории 650 ҳазор адад китоб ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Аз оғози соли таҳсили 2016-2017 дар 6 факулта ва 20 кафедра аз рӯи ихтисоси педагогика ва технологияҳои таълимотии муосир, иқтисодиёти инноватсионӣ ва менеҷмент, аграрӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ, муҳандисӣ ва технологияи муосири истеҳсолӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ ва ғайра мутахассис тайёр карда мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста