Намояндагони шаш корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ аз Тоҷикистон рангпардозии мувофиқ ба меъёрҳои қабулшудаи Иттиҳоди Аврупоро меомӯзанд. Давраи омӯзишӣ аз 15-ум то 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мегардад.
Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ин давраи омӯзиширо бо ҳадафи мусоидат ба истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти дастӣ аз Тоҷикистон дар дарёфти роҳашон ба бозорҳои аврупоӣ ва тақвияти рақобатпазирии содиротияшон баргузор мекунад.
Лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад. Ширкати маъруфи ҳунармандии қирғиз – Тумар ба лоиҳа ҷалб шуда, ин давраи омӯзишӣ доир ба рангпардозиро мегузаронад.
Ин давраи омӯзишӣ ҷузве аз омодагиҳо ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии Ambiente мебошад, ки соли оянда дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад. Ҳадаф аз он ҳам баррасии сабақҳои омӯхташуда аз иштирокҳои қаблӣ дар намоишгоҳи Франкфурт ва кор сари дарк ва офариниши рангҳои мавриди писанди аврупоиҳо мебошад.
Бар иловаи омӯзиши рангпардозӣ ва василаҳои гуногуни он, иштирокчиёни давраи омӯзишӣ аз бозорҳо, фурӯшгоҳҳо, ва корхонаҳои шаҳри Бишкек дидан мекунанд. Дарси комили амалии рангпардозӣ низ ҷузви ҳатмии давраи омӯзишӣ мебошад.
Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста