Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Элизабет Миллард ва муовини Раиси ноҳияи Исфара Содир Қосимӣ ба фаъолияти мактаби №67 дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
Сохтмони мактаби №67-и ноҳияи Исфара дар доираи лоиҳаи гурӯҳи Сафорат оид ба равобит бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолӣ соли 2015 бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ҳудуди 550 нафар хонанда, аз синфи 1 то 11, ва ба истифода додани ҳашт синфхонаи иловагӣ шурӯъ гардида буд.
Бо сабаби норасоии молиявӣ аз ҷониби Ҳукумати маҳалӣ анҷоми сохтмони мазкур имконнопазир гашт. Аз ин хотир, он аз ҷониби Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ гашта, ба итмоми сохтмон кӯмак расонид. Қабл аз сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, ҳатто бо вуҷуди таҳсил дар се баст, кӯдакони ин мавзеъ иҷборан дар дигар мактабҳои берун аз маҳал таҳсил мекарданд.
Гурӯҳ оид ба равобит бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти ҳукумати ноҳия авлавиятҳои рушди ноҳияро таҳия намуданд. Роҳбарияти ҳукумати ноҳия ҳайати гурӯҳи мазкурро ҳангоми ташриф оварданашон ба якчанд лоиҳа, аз ҷумла, ба мактаби №67-и ноҳияи Исфара, ки авлавияти аввалиндараҷа буд, ҳамроҳӣ намуданд.
Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар мактаби №67-и ноҳияи Исфара аз ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳукумати маҳалӣ, ки баҳри беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва таҳсили сокинони ноҳияи Исфара равона шудааст, гувоҳӣ медиҳад.
Имсол 25-умин солгарди ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон таҷлил мегардад ва ба истифода додани мактаби номбурда дар ноҳияи Исфара як намунаи саъю талошҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки тӯли 25 соли охир ҷиҳати дастгирӣ намудан ва кӯмак расонидан ба ҷомеаҳои осебпазири манотиқи деҳоти Тоҷикистон равона шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста