Маҷаллаи тиббии бритониёии The Lancet феҳристи кишварҳо аз нигоҳи сатҳи солимиии аҳолиро интишор намуд, ки Тоҷикистон дар он бо 59 имтиёз аз 100 имтиёзи имконпазири ниҳоӣ байни Парагвай ва Никарагуа зинаи 99-умро ишғол кардааст.

Дар рейтинги мазкур ба кишварҳо аз лиҳози нишондиҳандаҳои сатҳи гигиена, маргу мири кӯдакон, истеъмоли машрубот, тамокукашӣ ва ғайра баҳогузорӣ мешавад.

Мақоми кишварҳои собиқ шӯравӣ дар ин рейтинг ба таври зайл аст: Гурҷистон - зинаи 106 (58 имтиёз), Қирғизистон - 113 (56), Украина - 118 (54), Русия - 119 (64), Беларус - 120 (53), Эстония - 29 (74), Латвия - 45 (69), Литва - 47 (68), Ӯзбекистон - 55 (67), Туркманистон - 60 (66), Озарбойҷон - 75 (63), Молдова - 80 (62), Қазоқистон - 86 (62) ва Арманистон - 86 (62).


Дар зинаҳои охири феҳрист Ҷумҳурии Африқои Марказӣ - 20 имтиёз, Сомали - 22 имтиёз ва Судони Ҷанубӣ - 22 имтёз ҷойгир шудаанд.