Зимни машварати кории мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масъалаи назорати иҷрои меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» раиси пойтахт аз ҷараёни назорати иҷрои он нигаронӣ изҳор намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои роҳандозӣ накардани назорати дахлдор ва ташкили ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои назорати риояи меъёрҳои қонуни зикршуда ба муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамила Лангариева, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Фирӯз Ӯлмасов ва мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомот Назруллоҳи Муҳаммадюсуф бо муқаррар кардани охирин огоҳӣ барои ислоҳи вазъ як моҳ муҳлат дода шуда, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Душанбе Манзура Саломова аз вазифа сабукдӯш шуд.
Дар ҷаласа раиси шаҳр қабл аз ҳама аз фаъолияти имрӯзаи комиссияҳои амалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамъиятии назорати танзими расму оин дар шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, бо таҳлили воқеияти мавҷуда, зикр сохт, ки аксаран қонунпоймолкуниҳо дар ин самт бо сабаби хунукназарии масъулин дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муносибати якхелаву муносифонаро нисбати хилофкорон роҳандозӣ накардан рӯи кор омада, ба он боис гардидааст, ки мутаассифона ҳолатҳои зиёдаравиҳои намоишкорона то ҳанӯз ҷой доранд.
Бино ба маълумоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ мақомоти судӣ 288 парвандаи маъмурӣ оид ба риоя накардани меъёрҳои ин қонунро баррасӣ намуда, қонуншиканон дар ҳаҷми умумии беш аз 887 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
Сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Кумита Фаррухулло Олимов рӯзи 12 июл дар ин робита изҳор намуда буд, ки аксари мансабдорон ҷашну маросимҳоро ба номи дигарон сабт мекунанд ва аз ин рӯ, исботи даст доштани онҳо ба қонуншиканӣ душвор мегардад.
Ф.Олимов зикр карда буд, ки тӯли 6 моҳи соли равон дар ин самт нисбати 10 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои маъмурӣ боз шуда, барои кам кардани чунин қонуншиканиҳо, маълумот дар ин бора ба ҷойҳои кории онҳо ирсол мегардад, то ки нисбати ин гуна мансабдорон чораҷӯӣ шавад.



