Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока рӯзҳои 20-25 сентябри соли 2016 ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) сафар намуда, дар маросимҳои анҷом ёфтани 3 лоиҳае, ки тавассути Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ гаштаанд, ширкат варзид.
Маросимҳои мазкур дар якҷоягӣ бо иштироки раисони ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ванҷи ВМКБ ба хотири бомуваффақ иҷро шудани лоиҳаҳо роҳандозӣ гаштанд. Маблағи умумии лоиҳаҳо 266,338 доллари ИМА ро ташкил дод.
Санаи 21 уми сентябр сафир ба ноҳияи Ванҷ барои бомуваффақият хотима ёфтани «Лоиҳаи дастрас намудани техникаҳои кишоварзӣ ва роҳсозӣ ба ноҳияи Ванҷ» ташриф овард. Бо дастрас намудани техникаи нави кишоварзӣ, деҳқонони ҷамоати Язғулом минбаъд имкони баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ пайдо карданд. Маросим бо иштироки Давлатбибӣ Раҷабова, раиси нохияи Ванҷ ва қисмате аз дехқонон ва мардуми ҷамоати Язгулом баргузор гашт.
Рузи 23 уми сентябр бо ҳузури Азиз Гиёев, раиси ноҳияи Шуғнон, роҳбарони Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва сокинони маҳаллӣ маросими анҷоми «Лоиҳаи беҳтар гардонидани канали обёрӣ дар дехоти Миденшор ва Хосаи ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон» баргузор гардид. Тавассути лоиҳаи мазкур, канали обёрӣ куллан такмил ёфта дар ҳалли мушкилоти норасоии об ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ дар дехоти Миденшор ва Хосаи ҷамоати Поршинев саҳми босазо хохад гузошт.
Дар таърихи 24 уми сентябр, маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи барқарорсозии бинои Маркази саломатии ноҳияи Рӯшон» бо ширкати Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон ва кормандони ин марказ ва мардуми зиёди маҳаллаи мазкур баргузор гардид. Бо амалишавии лоиҳа, Маркази саломатӣ куллан барқарор гашта, алҳол шароити мусоид ҳам барои кормандон ва ҳам барои хизматрасонӣ ба беморон фароҳам оварда шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста