Дар фармони вазири тандурустии Ӯзбекистон Анвар Олимов, ки баъди се моҳ мавриди амал қарор мегирад, гуфа мешавад, дар дорухате, ки ба бемор барои табобат дар хона дода мешавад, табиб ба тавсия додани тартиби истеъмолу доруҳо уҳдадор нест.
Табиб ва коршиноси созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи CENLIBART Нигяр Ахмедова дар ин робита ба хабаргузории «Фергана» изҳор доштааст, ки озод кардани табибон аз тавсияи тартиби истеъмоли дору - пеш ё баъди ғизохӯрӣ тасмими нодуруст аст.
«Зимни навиштани дорухат табиб бояд ба қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) риоя кунад, ки дар саросари ҷаҳон истифода мешавад, яъне дорухат қатъиян бо забони лотинӣ ва мутобиқи бандҳо навишта шавад. Дар банди охир ӯ бояд саҳеҳан ба чӣ миқдор, чанд маротиба дар як рӯз ва пеш ё баъди ғизохӯрӣ истеъмоли доруро зикр намояд», - иброз доштааст ӯ.



