АНОНС
- Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо намоиши консерти мусиқии классикӣ аз асарҳои оҳангсозони аврупоӣ Ҳафтаи фарҳанги Аврупо дар Тоҷикистон оғоз мегардад. Оғоз соати 18-30;
- Дар Душанбе ҷаласаи 5-уми Кумитаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо-Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад;
- Дар доираи Ҳафтаи фарҳанги Аврупо дар маркази фарҳанги «Бохтар» соати 11-00 намоиши аксҳои аксбардорони тоҷик Ҷамшед Холиқов ва Шаҳром Авезов бо номи «Сайру саёҳат дар Аврупо» ва консерти муҳассилини лаёқатманди мактаби махсуси мусиқии ба номи Атоев баргузор мешавад;
- Соати 18-00 дар маркази фарҳанги «Бохтар» фестивали филмҳои аврупоӣ оғоз мешавад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8721 сомонӣ;
1 евро – 8.7837 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1220 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1930 – Дар Тоҷикистон таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ ҷорӣ гардид.
1949 – Дар Маҷмаъи Умумии Иттиҳодияи умумиҷаҳонии тиббӣ Кодекси нахустини ахлоқи тиббӣ қабул шуд.
2004 – Дар Люксембург президент Эмомалӣ Раҳмонов Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро ба имзо расонид.
2010 — Президенти Тоҷикистон дастур дод, ки содироти чорво, гӯшт, картошка, пашм ва оҳанпора пурра манъ карда шавад.
1912-1990 – Зодрӯзи доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, профессор Солеҳ Раҷабов.
1920-1985 – Мавлуди нависанда Мустафо Шарқӣ.
1953 – Зодрӯзи ҳунарпешаи театр Тоҷинисо Саидова.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +18+23.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -3-8, рӯзона +9+14.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +21+26.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +27+29.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +25+27.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +27+29.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +23+25.




Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52
Ташхиси тиббӣ барои кор дар Русия. Русия созишнома бо Тоҷикистонро пурра тасдиқ кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2026
Хона ба хонаи арӯсон. “Хонагаштак” чӣ гуна ҷашн аст ва ба Наврӯз чӣ қаробат дорад?
Аз қатъи маблағгузории PEPFAR як сол гузашт. Тоҷикистон тавонист роҳи бурунрафт аз ин буҳронро пайдо кунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста