АНОНС
- Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд;
- Дар Душанбе семинари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи баланд дар мавзӯи «Роҳу воситаҳои мушкилоти тундгароӣ ва ифротгароии зӯроварона - нигоҳе аз Осиёи Марказӣ» ба кори худ идома медиҳад, ки дар доираи Ҳафтаи Аврупо ташкил шудааст;
- Дар маркази фарҳанги «Бохтар» Ярмаркаи маърифатӣ доир мегардад, ки дар он ду маърӯза дар мавзӯъҳои «Таълим онлайн дар Аврупо» ва «Таърихи Аврупо» маърӯзаҳо пешкаш карда мешаванд. Оғоз соати 10-00;
- Дар Театри давлатии академии опера ваб алети ба номи С.Айнӣ операи Д.Дӯстмуҳаммедов «Қишлоқи тиллоӣ» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 16-00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8747 сомонӣ;
1 евро – 8.7228 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1227 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1492 – Колумб Амрикоро ифтитоҳ намуд, ҳарчанд гумон мекард, ки ба соҳилҳои Ҳиндустон расидааст.
1933 – Дар Душанбе Боғи ботаникӣ (феълан Боғи Ирам) кушода шуд.
1960 — Дар иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк Никита Хрушёв ба нишони эътироз алайҳи интиқоди Иттиҳоди Шӯравӣ пойафзоли худро кашида, бо он ба миз задан гирифт.
2010 — Дастаҳои мусаллаҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Мулло Сайриддин иборат аз 27 нафар таслим ва ба сафи нерӯҳои ҳукуматӣ пайвастанд.
2011 — Парлумон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи коррупсия» тағйирот ворид намуд, ки мутобиқи он минбаъд ба роҳбарони корхонаву идораҳои давлатӣ ба кор гирифтани домод ва келинҳо манъ шуд.
2011 — Нависандаи халқии Тоҷикистон Юсуф Акобиров аз олам даргузашт.
1873-1958 – Зодрӯзи муаррих, академики АИ Тоҷикистон Александр Семёнов.
1902 – 1973 – Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон, муаллифи китоби «Нисо» Павел Лукницкий.
1912-1975 – Зодрӯзи оҳангсоз Михаил Муравен.
1922 – Мавлуди доктори улуми таърих Ҳамид Гадоев.
1944 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Ғиёсиддин Мироҷев.
1953-2007 – Мавлуди оҳангсоз Талабхӯҷа Сатторов.
1954-2000 – Зодрӯзи нависанда Искандари Хатлонӣ.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +15+20.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +18+23.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +6+11.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +25+27.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +24+26.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +18+20.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста