Дар нахустин солгарди марги навраси тоҷик Умаралӣ Назаров, мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои баргузории ҳамоиши оммавӣ иҷозат додааст.

Волидони Умаралӣ Назаров
Life

Бино ба иттилои нашрияи «Фараж» бо такя ба маълумоти расонаҳои Русия, ҳамоиши оммавӣ имрӯз, 13-уми октябр соати 19 дар “Марсовом поле” баргузор шуда, ин ҳамоиш, ки дар нахустин солгарди марги мармузи Умаралӣ баргузор мешавад, масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони муҳоҷирон ба миён гузошта хоҳад шуд.

Ҳамоиш дар Санкт-Петербурге, 15 октябри соли 2015
Аз сомонаи baltika.fm

Умаралӣ Назаров, навзоди тоҷик 13 октябри соли гузашта дар пайи боздошти модараш Зарина Юнусова аз сӯи пулиси ноҳияи Адмирали шаҳри Петербург дар беморхонаи Сембалина ба таври мармуз ҷон дод.

rferl.org

Дар ташхиси такрории марги Умаралӣ гуфта шудааст, ки гӯиё Умаралӣ чанд рӯз қабл аз интиқолаш ба пулис ба бемории парагрипп мубтало шудааст, аммо волидонаш ӯро муолиҷа накардаанд.