АНОНС
- Дар доираи қарордоди давлатии баимзорасида бо Россотрудничество дар филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (Маркази такмили ихтисоси омӯзгорон дар назди Раёсати маорифи ш.Душанбе) семинари омӯзишӣ (17-19 октябр) ба кори худ идома медиҳад.
- Дар шаҳри Душанбе Синамобазми байналмилалии VII «Дидор» идома дорад. Филмҳои синамобазм то 20 октябр аз соати 10:00 дар Хонаи Синамогарон ҳаррӯза то панҷ сеанс намоиш дода мешаванд. Тамошо ройгон аст.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8750 сомонӣ;
1 евро – 8.6617 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1218 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1919 – Ифтитоҳи корхонаи абрешими Хуҷанд
1929 – Дар Душанбе бахшида ба омадани қатора нахустин филми таърихиву ҳуҷҷатӣ наворбардорӣ шуд.
1939 – Нахустин операи тоҷик - «Шӯриши Восеъ» ба саҳна гузошта шуд.
2007 — Баъди таъмиру азнавсозӣ Осорхонаи дастхатҳои қадима ва ёдгориҳои меъмории Кӯлоб ба номи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ боз шуд.
2011 — Дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳа дар доираи «Барномаи мусоидат ба таълимот бо мақсади рушд (READ)-и Русия» оғоз гардид, ки ба дастгирии Маркази миллии тестӣ равона шуда буд.
1927 – Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Наҷмиддин Раҳимов.
1936 – Мавлуди коргардони кино, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Равшан Тӯрабеков.
1938-1994 – Зодрӯзи оҳангсоз Миратулло Атоев.
1942 – Мавлуди доктори улуми физикаву математика Саидмуҳаммад Одинаев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10 рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +12+17.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +19+24.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +18+23; дар шарқ шабона -3-8, рӯзона +6+11.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +13+15.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +13+15.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +16+18.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста