Тоҷикистон ба беҷошудагони ҷангҳои ахир дар Кундузи Афғонистон ҳаммарз бо Хатлони Тоҷикистон, ки ба вилояти Бадахшони он кишвар паноҳ бурдаанд, кӯмакҳои башардӯстона расонидааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин кӯмакҳои фаврӣ аз сӯи Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод ба даҳҳо хонаводаи фирорӣ аз ҷангҳои Кундуз расонида шудааст. Умед Назаров, сарконсули Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 19 октябр ин кӯмакҳои фаврии Тоҷикистонро ба беш аз 35 хонавода тақсим кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вилояти Бадахшони Афғонистон, беҷошудагони ҷангҳои Кундуз дар урдугоҳи "Чамани зироат"-и шаҳри Файзобод ҷобаҷо шудаанд ва гуфта мешавад, ки ба кӯмакҳои фаврӣ ниёз доранд. Кӯмакҳои Тоҷикистон ба беҷошудагони Кундуз аз орд, равған, шакар, чой, кӯрпа ва дигар маводи зарурии рӯзгор иборат мебошанд.

Умед Назаров, сарконсули Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод ҳини ироаи ин кӯмакҳо гуфтааст, ки ин кӯмакҳо муқаддамотӣ аст ва дар оянда низ кишвараш ба беҷошудагони дохилӣ дар Афғонистон кӯмак хоҳад кардааст. Сарконсули Тоҷикистон гуфтааст, ки пас аз баррасӣ ва омӯзишҳо, кӯмакҳои бештаре барои ниёзмандон ирсол хоҳад шуд.

Ҷанги даҳрӯзаи Кундуз садҳо хонаводаро беҷо кард ва зиёни зиёди моливу ҷонӣ ба мардуми ин вилоят ворид шудааст. Тибқи гузоришҳо, Толибон пас аз ақибнишӣ аз минтақаҳои аҳолинишин, хона ва дороиҳои мардумро оташ зада ва чорвоҳои онҳоро низ бо худ бурдаанд ё ба қатл расониданд.