Рӯзҳои 26-28 октябри соли 2016 Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) омӯзиши серӯза дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон оиди идоракунии ҷасадҳои ҳалокшудагонро мегузаронад, ки дар кор бо боқимондаҳои инсонӣ дар ҳолатҳои фавқулода тамаркуз мегирад.
Дар омӯзиш бештар аз бист нафар иштирокчиён аз ҳукуматҳои маҳаллӣ, инчунин намонядагон аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Кӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати тандурустӣ (мутахассисони судии тиббӣ), Вазоратҳои Корҳои Дохилӣ ва Мудофиа, Кумитаи оид ба корҳои дин ва намояндагони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ширкат меварзанд. Ин омӯзиш чаҳорум бор дар ҷумҳури гузаронида мешавад, се омӯзиши аввала солҳои 2014 ва 2015 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд гузаронида шуданд, ки мутахассисони тоҷик ва қирғизро ба ҳам оварданд.
Таъмини муносиби идоракунии ҷасадҳои ҳалокшудагон ҷузъи ҷудонопазири тадбирҳои марбут, ки ба омодагии беҳтар дар ҳолатҳои фавқулода мебошад, вобастагӣ дорад. Одатан, кор бо ҷасадҳои ҳалокшудагон дар фаъолияти рӯзмараи ҷомеа хуб ба роҳ монда шудааст, аммо ин раванд, мумкин аст, ки дар сурати зиёди талафот вобаста ба вазъияти фавқулода, вайрон шавад. Омӯзиш ба тадбирҳои оддии ҳамоҳангсозӣ, ки муносибати мувофиқ нисбати ҷасадҳои ҳалокшудагон бо фикри муайян кардани шахсони фавтида, эҳтироми шаъну шарафи шахсият ва меъёрҳои фарҳангии маҳаллӣ, тамаркуз мегирад.
Омӯзиши мазкур ба иштирокчиён ҳамчун роҳнамои амалӣ ва таҷрибаи беҳтарин, ва инчунин таъкид ба баъзе мушкилиҳои асосие, ки одатан вобаста ба алоқа ва ҳамоҳангсозии ҷараёни идоракунии ҳолатҳое, ки теъдоди зиёди вафтро дорад, хоҳад шуд.
Муайян намудани ҷасадҳои ҳалокшудагон – ин на танҳо эҳтироми умумӣ барои шаъну шарафи инсон, ки бо марги инсон бас намешад, балки ба оилаҳо барои саривақт гирифтани ҷавоб ва пешгирии одамон аз бедаракшавӣ мебошад. Маълум аст, ки бедаракшавӣ як бори гарони эҳсосӣ барои оила бо оқибатҳои зиёди равонӣ ва амалӣ мебошад – оила дар номуайянӣ мемонад, ки чи тавр ғайби ашхосро ба аъзоёни дигари оила ва ё ҷомеа фаҳмонад, пайванди оилавиро пас аз бедарак шудани ашхос пурра намояд, чӣ тавр бо молу мулк кор барад, чӣ тавр аз давлат кӯмак гирад ва ё масъалаҳои маъмуриро ҳал кунад.
КБСС вазъияти мушкили ашхоси бедаракшуда ва аъзоёни оилоҳои онҳоро эътироф мекунад ва бо роҳи мусоидат ба саъю кӯшиш, ки барои пешгирии бедаракшавӣ дар оянда равона шудааст, дастгирӣ мекунад. Омӯзиши дар боло зикршуда як қисми ҷудонопазири чунин саъю кӯшиши пешгирӣ мебошад.
КБСС шод аст, бо таҷрибаи худ ва таъмини дастгирии мутахассисони дахлдор, ки бо ҳолатҳои гуногуни фавқулода кор мебаранд, то ки таъсири он ҳолатҳоро нисбати аҳолии осоишта паст кунанд, саҳмгузорӣ кунад. КБСС дар саросари ҷаҳон барои саъю кӯшиши худ дар идоракунии ҷасадҳои ҳалокшудагон ва пешгирии бедаракшавӣ, ва инчунин дастгирии оилаҳои бедаракшудагон дар ҷустуҷӯи ҷавобҳо ва ҳалли ниёзҳои онҳо, эътироф шудааст. Боз, дар соли 2016 Ассотсиатсияи байналмилалии илмҳои криминалистика КБССро бо ҷоизаи махсус сарфароз кард, ки он эътирофи саҳми ташкилот ба рушд ва пешбарии илмҳои судӣ дар саросари ҷаҳон мебошад.
КБСС дар Тоҷикистон аз соли 1992 фаъолият карда дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ёрии башардустона мерасонд. Имрӯзҳо, КБСС фаъолияташро дар ҷумҳури давом дода, кӯмаки давомнок барои ҳалли масъалаҳои аз гузашта мерос монда – ҷабрдидаҳои минаҳо; дастгирии оилаҳои бедаракшудагон, ки аъзоёни оилаҳояшон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва ё муҳоҷирати меҳнатӣ бедарак шуданд; тарвиҷи ҳуқуқии айналмилалии башардӯстона. Дар амалӣ гародонидани ҳамаи ин барномаҳо, алалхусус омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, КБСС дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон фаъолият мекунад.



Ҳукми Фарҳод Назаров, омӯзгоре аз Левакант, ки хонандаро “шаппотӣ” зад, содир шудааст
Маркази патенту иттилоот мегӯяд, Тоҷикистон қариб 3600 ихтироъкор дорад. Онҳо чӣ навоварӣ кардаанд?
Бонки миллӣ гуфт, талош дорад се бонки Тоҷикистонро аз зери таҳрими Иттиҳоди Аврупо раҳо кунад
Як сокини вилояти Хатлон ва ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз 14 то 19 сол зиндонӣ шудаанд
Боздошти як мард бо иттиҳоми куштори хазинадори НФС- и "Азия-Нефт" бо зарби 20 корд
Муовини раиси Конибодом барои тақсими ғайриқонунии замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар вазифааш кор мекунад
"Ду моҳи дигар муҳлат доданд". Оҷонсии нафақа сабаби тӯл кашидани бақайдгирии нафақагиронро шарҳ дод
Боздошти як муовини комиссари ҳарбӣ бо гумони гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 31
Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар нишасти ҷаҳонии "India AI Impact Summit 2026"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста