Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии пойтахт, бобати бо навбат муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Кофарниҳон», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ», «Худҷореъ» ва «Фишорӣ» бо мақсади омода намудани истгоҳҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 қарор ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи қарори мазкур дар робита ба баргузории корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминкунии пойтахт, аз соати 22-00 рӯзи 26 то соати 24-00 рӯзи 27 октябри соли 2016 интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Абдуллоев Нажмиддин - ноҳияи Фирдавсӣ;
- кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебунисо, Чиноро -1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ-аз бинои саристгоҳи роҳи оҳан то Меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши Фурудгоҳ, маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон, Комбинати коркарди чӯб - ноҳияи Шоҳмансур қатъ мегардад.
Гуфта мешавад, аз соати 22:00 рӯзи 2 то соати 24:00 рӯзи 3 ноябри соли 2016 интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои 43, 64, 65 ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ - ноҳияи Фирдавсӣ;
- маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона ва Ҳаёти нав, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин - ноҳияи Сино қатъ мегардад.
Зикр мегардад, ки аз соати 22-00 рӯзи 9 то соати 24-00 рӯзи 10 ноябри соли 2016 интиқоли оби нӯшокӣ маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ - ноҳияи И.Сомонӣ:
- маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаи 1то 77 - ноҳияи Шоҳмансур;
- маҳаллаҳои Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол Қазоқон-1,2 ва Қарамиршикор, шаҳракҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1, 2, Испечак 1, 2, Муҳандис ва кӯчаи Бобо Ҳамдам - ноҳияи Сино;
- кӯчаҳои Қаҳҳоров, Н.Қарабоев то хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, кӯчаи Миралӣ, 23, 24 ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе - ноҳияи Фирдавсӣ қатъ мегардад.
Қайд мешавад, ки аз соати 16-00 рӯзи 16 то соати 24-00 рӯзи 17 ноябри соли 2016 интиқоли оби ошомиданӣ ба маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дьяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ, Кохи Наврӯз ва кӯчаи Варзишгарон - ноҳияи Сино;
- хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон - ноҳияи И.Сомонӣ қатъ карда мешавад.
Дар робита ба ин, мақомоти шаҳрдории Душанбе аз сокинони кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт дархост мекунад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дастур дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр вазифадор карда шудааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор диҳад.



