Маҷмӯи сарулибос тарроҳ (моделйер)-и тоҷик Умед Кучкалиев дар намоиши Roma Fashion Week, ки аз 3 то 7 апрел дар шаҳри Рим доир мегардад, ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Қобили зикр аст, ки пас аз ноил гардидан ба ҷоизаи беҳтарин тарроҳи байнулмилалӣ дар ҳафтаи муди Odessa Fashion Week SS 2017, ки аз 1 то 7 октябр дар шаҳри Одессе баргузор шуд, Умед Кучкалиев ба ҳуқуқи иштирок дар намоиши Рим шарафёб гардид.

Умед Кучкалиев дар намоиши Одесса

Умед Кучкалиев яке аз тарроҳони касбии муваффақи Тоҷикистон аст. Соли 2003 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси тарроҳ (моделйр) хамт кардааст. Аксари ҳунармандону дигар шахсони касбу кори гуногун бо сарулибоси аз ҷониби ин тарроҳ омодашуда ба саҳна мебароянд.

1/11