Бунёди хайрияи бритониёии Charity Aid Foundation соли ҳафтум аст, ки Рейтинги ҷаҳонии хайру эҳсонкорӣ (World Giving Index 2016)-ро нашр мекунад. Дар рейтинги имсола Тоҷикистон якбора 14 зина пойин рафтааст.

Рейтинги ҷаҳонии хайру эҳсонкорӣ-2016 аз рӯи натиҷаҳои назарсанҷии ширкати Gallup,ки давоми сол миёни 145 кишвар гузаронида шуд, таҳия гардида, мақомгирии кишварҳо дар он ба 3 нишондиҳандаи миёна - хайру эҳсони маблағҳои пулӣ ба ташкилотҳои хайрия, фаъолият ба сифати ихтиёрӣ ва кумак ба афроди ношиноси ниёзманд вобаста аст.

Дар рейтинги имсола Тоҷикистон мақоми 84-умро ишғол кардааст. Соли гузашта миёни 145 кишвар Тоҷикистон дар зинаи 73-юм ва як сол пештар аз ин миёни 135 кишвар мақоми 34-умро касб карда буд.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон - дар зинаи 11-ум, Туркманистон - 14, Қирғизистон - 34 ва Қазоқистон - дар мақоми 96-ум қарор гирифтаанд. Русия дар мақоми - 126-ум, Афғонистон - 78-ум, Беларус - 100, Украина - 106 ва Гурҷистон дар зинаи 120-уми рейтинг ҷойгир шудаанд.

Соли дуюм аст, ки давлатҳои Мянма ва ИМА пешсафони ин рейтинг буда, ба даҳгонаи аввал ҳамчунин Австралия, Зеландияи Нав, Шри-Ланка, Канада, Индонезия, Британияи Кабир, Ирландия ва Амороти Муттаҳидаи Араб шомиланд. Зинаҳои охири рейтингро Чин, Фаластин, Яман ва Юнон ишғол кардаанд.