АНОНС
- Аз 1 ноябр аҳолии Тоҷикистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқ ба ҷои 12,6 дирами пешина 14,6 дирам пардохт мекунад;
- Аз 1 ноябр ширкати «Вавилон-М» дубора бақайдгирии SIM-кортҳоро оғоз мекунад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8769 сомонӣ;
1 евро – 8.6268 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1211 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1929 – Нусхаи нахустини рӯзномаи «Советский Таджикистан» (феълан «Народная газета») нашр шуд.
1960 – Корхонаи дастгоҳи шиддати пастволти Адрасмон мавриди истифода қарор гирифт.
2010 — Дар Душанбе аввалин намояндагии дипломатии кишварҳои араб дар Тоҷикистон - сафоратхонаи Арабистони Саудӣ боз шуд.
1939-1993 – Зодрӯзи нависанда Баҳром Фирӯз.
1948 – Мавлуди журналист Сироншои Диловар.
1950 – Зодрӯзи раққоса Садбарг Қосимова.
1951 – Мавлуди мураббии дараҷаи байнулмилалӣ оид ба самбо Шеравлиё Шеравлиёев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8 рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +11+16; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +2+7.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+7, рӯзона +22+25, дар доманакӯҳҳо шабона 0+4, рӯзона +10+15.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +6+9, рӯзона +25+28.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +8+11, рӯзона +15+20.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +23+25.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста