АНОНС

- Дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ганҷи Роҳи Абрешим» семинари байнулмилалӣ оид ба сармоягузориҳои иқтисодӣ доир мегардад. Оғоз соати 14-00;

- Аз 11 то 13 ноябр дар Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дурдонаи Роҳи Абрешим» намоиши адабӣ баргузор мешавад;

- Аз 10 то 14 ноябр дар шаҳри Мински Беларус Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон барпо мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8769 сомонӣ;

1 евро – 8.5858 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1203 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1918 – Ҷанги якуми ҷаҳон ба итмом расид.

2004 — Оғози ҷараёни аз ҷониби марзбонони рус ба ихтиёри марзбонони тоҷик супурдани посбонии марзи Афғонистону Тоҷикистон.

2010 — Дар Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон доир гардиданд.

2014 — Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии кишварҳои узви ИДМ доир гардид.

1956 – Зодрӯзи нависанда Марямбонуи Фарғонӣ.

1960 – Мавлуди собиқ раиси КВД «Сайёҳ» Саламшо Муҳаббатов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6 рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +10+15; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +11+16. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +17+19.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +19+21.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +12+14.