Роҳбари бахши ҳамкориҳои иқтисодии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонума Тиэ Тамура дар маросимхои анҷом ёфтани 5 лоиҳа дар ноҳияҳои Сангвор, Рашт, Чиргатол ва Нуробод ширкат варзид.
Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчўбаи Барномаи оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) барои иҷрои хамин лоиҳаҳо 675,418 доллари ИМА маблағгузорӣ намуд.
Рӯзи 8-ми ноябри соли 2016 маросими ба охир расидани «Лоиҳаи дастгирии фаъолияти поккории механикии минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Сангвор баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Фонди Швейтсария оид ба поккории минаҳо (FSD) бо маблағи умумии 272,030 доллари ИМА амалӣ гардид. Дар давоми солҳои 2014 ва 2015 FSD тақрибан 371.500 метри мураббаъ майдонҳои минтақаҳои хатарнокро дар ноҳияҳои Дарвоз, Ҷайхун (қаблан Қумсангир) ва Сангвор (қаблан Тавилдара) поккорӣ намуда заминҳои безаргардидаро ба мақомоти маҳаллӣ супорид.
Рӯзи 9-ми ноябр маросими ба охир расидани «Лоиҳаи сохтмони бинои мактаб дар деҳаи навбунёди “Халқарф”, ҷамоати “Навдӣ”-и ноҳияи Рашт» барузор гардид. Дар доираи лоиҳаи мазкур мактаби нав дар деҳаи навбунёд сохта шуд, ки каблан сокинони маҳалли баъди фаромадани сел ба деҳаи Ҳалқарф ба ин мавзеъ куч бастанд. Барои сохтмони мактаби нав маблағи 88,110 доллари ИМА ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дастрас шуд. Баъди анҷоми лоиҳа, тақрибан 150 хонандагони синфхои аз 1 то 4 дар бинои нави мактаб иборат аз 4 синфхона ва 2 ҳучра барои кормандон таҳсил карда метавонанд. Акнун мактаббачагони деҳаи Ҳалқарфи навбунёд ба деҳаи ҳамсоя нарафта метавонанд дар муҳити таълимии бароҳат ва боамнтар бихонанд.
Худи ҳамон рӯз, хонум ТАМУРА дар маросими ба охир расидани «Лоиҳаи беҳтар гардонидани марказҳои дастгирии кўдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рашт» иштирок намуд. Грант ба маблағи 102,371 доллари ИМА ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои барқарор кардани маркази хизматрасониҳои рўзона барои кӯдакон имконияташон маҳдуд ва Маркази нави машваратгоҳи равониву тиббӣ-омӯзгорӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт чудо гардида буд. Илова ба ин, низ таҷҳизоти лозимӣ дар доири лоиҳаи мазкур дастрас гашт. Лоиҳа баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва табобати кудакон имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рашт саҳм гузошт.
Пас аз он, хонуми Тамура ба ноҳияи Лахш (қаблан Ҷиргатол) сафар карда дар маросими анчомёбии «Лоиҳаи беҳтар гардонидани системаи обёрӣ дар дењањои «Қарасой» ва «Қашот»-и ҷамоати деҳоти «Қашот» дар ноҳияи Ҷиргатол» мушорикат варзид. Хукумати махалли маблағи 114,756 доллари ИМА барои инкишоф додани соҳаи кишоварзиро дар ноҳия дастрас намуд. Лоиҳа барқарор додан ва сохтмони ду пойгоҳи обкаши ва ситемаи оббёрӣ, ҳамчунин сохтмони пули пиёдагрд дар деҳаҳои “Қарасой” ва “Қашот”-ро дар бар гирифт. Пас аз анҷоми лоиҳа маҳсулнокии соҳаи кишоварзӣ дар минтақа афзоиш хохад ёфт.
Рузи 10 ноябр маросими ба охир расии «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №25 деҳаи «Зорон»-и ҷамоати деҳоти «Муҷиҳарф»-и ноҳияи Нуробод» баргузор гардид. Бахри иҷрои лоиҳа, ба хукумати махаллии ноҳияи Нуробод маблағи 98,151 доллари ИМА дода шуд. Дар доири лоиҳаи мазкур, бинои иловагии мактаби №25 иборат аз 5 синфхона ва хуҷраи муаллимон сохта шуд. Ҳоло тақрибан 400 хонандагон имконият доранд дар муҳити таълимии беҳтар ва синфохонахои васеъи бинои нав таҳсил кунанд.
Дар давоми маросимҳои фавкуззикр, хонум Тамура дар суханронии хеш аҳамияти лоиҳаҳои GGP-ро барои рушди Тоҷикистон ва бештар таҳким ёфтани муносибати дустона байни Тоҷикистон ва Ҷопон арзёби намуд. Раисҳои мақомотҳои ҳар як ноҳияи номбаршуда миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷопон барои кумакрасонии дарозмуддат баҳри рушди минтақа изҳор намуданд.



