АНОНС
- Дар Тоҷикистон бори нахуст Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун доир мегарданд;
- Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон озмуни қироати шеър бахшида ба Президенти Тоҷикистон барпо мешавад;
- Аз 16 то 20 ноябр дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон баргузор мешаванд;
- Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Шератон» барои намояндагони вазорату идораҳо, дигар мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ кори семинар оид ба механизмҳои Гузориши Сиёсати Савдои Созмони умумиҷаҳонии савдо дар доираи ҳамкории роҳандозишуда дар самти Ҷануб-Ҷануб бо Вазорати иқтисоди Туркия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон идома меёбад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8762 сомонӣ;
1 евро – 8.4787 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1175 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1933 – Миёни ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд.
1992 – Дар Хуҷанд иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-ум ба кор шурӯъ намуд.
2009 — Президенти ҶТ дастур дод, ки таъҷилан саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун нашр шуда, аз аввали соли 2010 ба муомилот бароварда шаванд.
2013 — Мусаввараи «Арӯси тоҷик», ки аз ҷониби рассоми чинӣ Тсзин Шанъи офарида шудааст, дар музояда ба маблағи қариб 14 млн. доллари ИМА ба фурӯш рафт. Барои ширкати ташкилкунандаи музоядаҳои «Сзяде»-и Чин ин рекорди нави фурӯш дар зарфи 20 соли фурӯши мусавввараву муҷассамахо маҳсуб меёбад.
2014 — Тоҷикистон ба узвияти Фонди хайрияи НАТО пазируфта шуд, ки соли 1968 бо мақсади ҷамъоварии маблағ барои дастгирии лоиҳаҳои хайриявӣ таъсис ёфтааст.
1937 – Зодрӯзи доктори улуми таърих Юсуфшо Яъқубов.
1939 – Мавлуд олим-муаррих, академик Раҳим Масов.
1947 — Зодрӯзи сароянда София Бадалбоева.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6 рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +7+12.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +14+19.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +11+16; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -2+3.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +11+16.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +20+22.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +21+23.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +16+18.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста