Яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и ширкати «Газпром нефт Тоҷикистон», ки дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ (Лучоб)-и шаҳри Душанбе воқеъ аст, ба ифтихори қаҳрамони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров номгузорӣ шуд.


Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ директори генералии ҶДММ «Газпром нефт Тоҷикистон» Фарҳод Мирзоев изҳор намуд, ки ин рӯз дар таърихи кишвар ҳамчун санаи ватанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ сабт мегардад.


Ин чорабинии тантанавӣ дар ҷашни Рӯзи Конститутсияи ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, тоҷирони маъруф ва ходимони ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.


Ҳамчунин дар ин маросим ба Дилшод Назаров корти махсуси сӯзишвории «Газпромнефт» тақдим карда шуд, ки бидуни маҳдудияти муҳлати амал ба дастрасии сӯзишвории баландсифат дар нуқтаҳои фурӯши шабакаҳои «Газпомнефт» имкон медиҳад.