АНОНС

- Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Санкт-Петербург бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дидору гуфтушунид мекунад. Ҳамчунин ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок мекунад;

- Дар Бишкек ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масоили дуҷонибаи Қирғизистону Тоҷикистон доир мегардад;

- Дар «Душанбе-Плаза» доир ба мавзӯи нуқтаҳои табодули интернет-трафик (ТОИТ) семинар баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;

- Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе маросими ифтитоҳи намоиши муштараки асарҳои рассомони тоҷик Бахтиёр Одинаев ва Дӯст Азизов барпо мешавад. Оғоз соати 17:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8760 сомонӣ;

1 евро – 8.3777 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1202 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 – Таъсиси ноҳияҳои Мӯъминобод, Кӯлоб, Фархор, Совет, Айнӣ ва Панҷакент.

1948 – Комбинати маъдани кӯҳии Такоб ба истифода дода шуд.

2006 — Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байнулмилалии индустрияи маҳсулоти ғизойӣ «Interfood Tajikistan-2006» ба кор шурӯъ кард.

2012 — Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе таҳти унвони «Дӯстӣ бидуни марзҳо» форум баргузор шуд.

1918-1995 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Яъқуб Тоҷиев.

1924 – Мавлуди мунаққиди адабӣ, олими адабиётшинос Соҳиб Табаров.

1970 – Зодрӯзи рӯзноманигор Пайрав Чоршанбиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9 рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -2-7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона -3+2, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона 0+5; дар шарқ шабона -8-13, рӯзона -1-6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона -3-5.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.   

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона -2-4.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона 0-2.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +1+3.