Ҷасади 7 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи сӯхторе дар вилояти Тюмен ҳалок шуданд, ба ватан оварда мешаванд.
Тибки маълумоти Консулгарии кулли Точикистон дар Екатенбург, нимаи дуюми имрӯз се ҷасад бо хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Фардо, 24 ноябр бо хатсайри «Сомон Эйр» 2 ҷасади дигар фиристода шуда, боқимонда боз 2 ҷасади дигар 25 ноябр тавассути хатсайри ширкати «Уральские авиалинии» аз Екатеринбург ба вилояти Суғд интиқол меёбанд.
Ба қавли манбаъ, ки аз аввал ҳодисаро пайгирӣ дорад, ширкате, ки дар он шаҳрвандони мо кор мекарданд, харҷи интиқоли ҷасадҳоро ба уҳда гирифта, ҳамчунин ба ҳар кадоме аз оилаҳои фавтидагон 500 ҳазор ҷубронпулӣ пардохт менамояд. Боз ба 2 нафар захмбардошта ба ҳар кадоме 250 ҳазор рубл ва 150 ҳазор рубл ба як нафари дигари камтар осебдида пардохт мешавад.
Ёдрас мекунем, ки шаби 18 ба 19 ноябр дар майдони сохтмонӣ дар ҳудуди фабрикаи мурғпарварии «Абсолют Агро», воқеъ дар 7 километрии деҳаи Юргини вилояти Тюмен вагоне оташ гирифт, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон иқомат доштанд. Дар натиҷаи сӯхтор 7 нафар ба ҳалокат расида, боз се нафари дигар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар беморхонаи вилоятӣ бистарӣ шуданд. Ҳамаи фавтидагон зодагони вилояти Суғд мебошанд. Тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби сӯхтор нақзи қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои маишии барқӣ будааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста