АНОНС
- Дар шаҳри Гамбург ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба кори худ идома медиҳад;
- Дар толори конфронси намояндагии СММ бо суроғаи кӯчаи Айнӣ 39 доир ба масъалаҳои мутобиқшавӣ, иҷро ва дастгирии амлисозии Барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 бо ҳайати коршиносони Барномаи рушди СММ вохӯрӣ доир мегардад. Оғоз соати 13-00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8770 сомонӣ;
1 евро – 8.4969 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1214 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
2004 – Раиси Кумитаи ҳифзи марзи давлатии назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Азимов ва роҳбари Хадамоти марзбонии Русия Владимир Проничев санади қабулу супоридани минтақаи Помири сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ба имзо расониданд.
2004 – Бо дархости мақомоти Тоҷикистон раиси Ҳизби демократ Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Маскав боздошт шуда, баъдтар ба 23 соли зиндон маҳкум гардид.
2008 — Дар Теҳрон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Эрон оғоз гардид.
2009 — Дар Тоҷикистон Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсияро ҷашн гирифтанд.
2009 — Дар шаҳри Турсунзода аз амали террористӣ бо мақсади аз байн бурдани раиси шаҳр пешгирӣ карда шуд.
1918 – Зодрӯзи дирижёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Ибодулло Абдуллоев.
1926 – Мавлуди ҳунарманди балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Рамзия Баккал.
1926 – Зодрӯзи Рассоми халқии Тоҷикистон Хушбахт Хушвақтов.
1966 – Мавлуди олими соҳаи тиб Ҷамолиддин Абдуллоев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +4+6; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).
Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +3+8; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона 0-5.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда,дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +11+13.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +3+5.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +11+13.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +1+3.




Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста