Имсол дар ҷашни Соли нав маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷандро чор арчаи солинавӣ оро медиҳанд. Арчаи калонтарини солинавӣ дар майдони марказии шаҳр қомат меафрозад.

Дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи Соли нави 2017 омодагӣ мегиранд. Дар майдони марказии «Ситораҳои Хуҷанд» корҳои гузоштани арчаи бузургтарини солинавӣ ҷараён доранд.

Тавре аз Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр хабар доданд, баландии арчаи солинавӣ 16 метр буда, он бо наздики 500 адад бозичаву дигар ороишоти солинавӣ зебу зинат дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, соли равон маркази вилоятро боз се арчаи дигари солинавӣ низ оро хоҳанд дод, ки дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, назди маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» ва дар майдони «Регистон», воқеъ дар назди бозори марказии «Панҷшанбе» гузошта мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи нақшаи чорабиниҳо, шурӯъ аз 15 декабр то 30 декабр дар назди арчаи солинавии марказӣ бо иштироки тарбиятгирандагони муассисаҳоитомактабӣ, толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ, аҳли ҷомеа ва сокинони шаҳр чорабиниҳои гуногуни идона баргузор мегарданд.