АНОНС
- Рақибони қаҳрамони футболи Тоҷикистон - дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 маълум мешаванд;
- Дар меҳмонхонаи «Hilton Petaling Jaya» дар Куала-Лумпур семинари маърифатии Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад, ки дар кори он намояндагони дастаҳои иштирокчии мусобиқаи Ҷоми КФО ва Лигаи чемпионҳои мавсими 2017, аз ҷумла намояндагони дастаҳои «Истиқлол» ва «Ҳосилот»-и Фархор низ ширкат меварзанд.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8775 сомонӣ;
1 евро – 8.3557 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1253 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
2007 — Дар Душанбе ҷаласаи сеюм дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор шуд.
2010 — Дар Брюссел ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон доир гардид.
2011 – Президенти Тоҷикистон аз ширкатҳои Siemens ва Bosch боздид намуда, бо Олмон се санадро ба имзо расонид.
1826-1897 — Зодрӯзи нависанда, шоир ва рассом Аҳмади Дониш.
1916-1996 – Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нерё Аминов.
1924-2001 – Зодрӯзи ходими ҷамъиятӣ Рауф Додобоев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона -2+3; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -3+2.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).
Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона 0-5.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -3+4.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +9+11.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +4+6.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +6+8.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона 0-2.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста