Ба минтақаҳои кишвар, ки дар онҳо реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ аст, аз 12 декабр интиқоли барқ боз 1 соат зиёд шуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик», ин имконият баъди пурра ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» пайдо гашта, акнун ҳамаи минтақаҳои кишвар пагоҳӣ аз соати 05-00 то 10-00 ва бегоҳӣ аз соати 16-00 то 22-00 барқ мегиранд.
Гуфта мешавад, ШСХК «Барқи Тоҷик» бо камоли эҳтиром аз муштариён хоҳиш намудааст, ки аз барқ сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи неруи барқро саривақт пардохт намоянд.
Вобаста ба риоя нашудани таъминоти барқ ва садамаҳо ҳар як муштарӣ метавонад тавассути телефонҳои боварӣ бо ширкат дар тамос шавад. Телефонҳои боварии ШСХК «Барқи Тоҷик»: 235-86-74; 235 86 84; 610-60-50; 295-202.



